Тавре Anadolu менависад, қариб 13 миллион мошини барқии фурӯхташуда аз ҳаҷми умумӣ ба ҳиссаи Чин рост меояд.
Фурӯш дар Чин дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 17 фоиз зиёд шудааст. Ин афзоиш дар заминаи рақобати шадиди дохилӣ, сиёсати агресии нархгузорӣ ва афзоиши шумораи моделҳо дар бозор ба амал омадааст.
Бо қавитар шудани рақобат мошинсозони чинӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои хориҷӣ рӯ меоранд. Аз ҷараёни содирот Амрикои Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ манфиат бардоштанд, ки ин низ ба омили муҳими рушди фурӯши мошинҳои барқӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст, менависад inform.kz.