Ягон муроҷиати соҳибкорон беэътибор намемонад

    Тиҷорат 13 Avgust 2021 571

    Дар вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ дар доираи тайёрӣ ба мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон бахшида ба фаъолияти Ситод оид ба ҷамъ овардан таҳлил кардани муроҷиатҳои соҳибкорон брифинг ба амал омад. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 30 журналистон  ва намояндагон воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.

    Зимни брифинг муовини аввали вазири сармояҳо ва тиҷорати хориҷӣ А.Войтов дар бораи фаъолияти Ситод ва натиҷаҳои ҷории кори он муфассал сухан ронд.

    Аз 20-уми июл то 10-уми августи соли равон мутахассисони марказҳои тамосии Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ, Палатаи савдо ва саноат, Бизнес-омбудсман ва қабулхонаи Сарвазир шабу рӯз дархостҳои соҳибкоронро қабул карданд.

    Муроҷиатҳоро инчунин метавон тавассути аккаунтҳои расмии Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ ва Палатаи савдо ва саноат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмнависони фаврӣ фиристод.

    Муроҷиатҳои расида аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандон ва коршиносони вазорату идораҳо баррасӣ карда шуданд. Чунин гурӯҳҳо дар ҳар минтақаи кишвар фаъолият нишон доданд.

    Дар маҷмӯъ, дар рафти фаъолияти Ситод 15 309 муроҷиат гирифта шуда, аз онҳо 13 941 -- саволҳои хусусияти инфиродӣ доранд.

    Омӯзиши муфассали саволҳои воридшуда таҳти назорати мутахассисони Ситод қарор дорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВСТХ ҶӮ.

    Дар қисмати минтақаҳо аз Тошканд аз ҳама бештар (1564), вилоятҳои Сурхондарё (1395), Тошканд (1357), Қашқадарё (1288) ва Фарғона (1250) омадаанд.

    То имрӯз 81,1 фоизи дархостҳои воридшуда коркард шудаанд. Кормандони Ситод оид ба ҳалли ҳар як мушкилоти муайяншуда фаъолона кор мекунанд, ки асос мебахшад, ки ҳеҷ як муроҷиати соҳибкорон беэътибор намонад.

    Брифингҳо оид ба равшан намудани фаъолияти Ситод дар Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ мунтазам баргузор мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates