ВСТХ: масъалаҳои ҳамкории Ўзбекистону Афғонистон баррасӣ шуданд

    16 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тирмиз вохӯрии ҳайати Ӯзбекистон ва Афғонистон ба амал омад. Ҳайати Ӯзбекистонро муовини Сарвазир -- вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ С.Умурзоқов ва ҷониби Афғонистонро иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвари Ҳукумати Муваққатӣ Абдул Салам Ҳанафӣ намояндагӣ кард.

    Дар рафти гуфтушунид намояндагони вазорату идораҳои гуногун масъалаҳои таъмини амнияти сарҳад, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорати мутақобила, энергетика, ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва транзитро баррасӣ карданд. Инчунин оид ба густариши муносибатҳо дар соҳаҳои таълим ва башардӯстӣ табодули афкор ба амал омад.

    Ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор, аз ҷумла сохтмони хатти барқии Сурхон-Пули-Хумрӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар таваҷҷӯҳи махсус дода шуд.

    Тарафҳо роҳҳои ҳамкориро бинобар ҳар як самти баррасишудаи ҳамкорӣ муҳокима намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои дар самтҳои афзалиятнок мавҷуда вазифаҳои таъхирнопазир муайян намуданд.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

    Ҳайати Афғонистон ба ҷониби Ӯзбекистон барои меҳмоннавозӣ ва гуфтушунидҳои судманд миннатдории самимӣ баён кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates