"Moderna" озмоиши марҳилаи аввали ваксинаҳоро дар инсон аз ВИЧ дар соли 2021 оғоз мекунад

    Тандурустӣ 12 Avgust 2021 609

    Ширкати фармасевтии амрикоӣ "Moderna" ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2021 марҳилаи аввали озмоишҳои ду ваксинаи мРНК-ро аз ВИЧ дар инсон оғоз кунад. Дар ин бора дар вебсайти "FirstWordPharma" хабар дода шудааст.

    Озмоишҳое, ки бори аввал инсон иштирок менамояд, 56 нафари аз 18 то 50 -соларо дар бар мегиранд, ки вазъи саломатиашон хуб буда, ташхиси ВИЧ надоранд. Ба нақша гирифта шудаааст, ки онҳо то моҳи майи 2023 идома меёбанд, хабар медиҳад "RuNews24".

    Олимон ният доранд ваксинаеро истифода баранд, ки қодир ба вокунишҳои мушаххас бошад. Дар давоми озмоишҳо онҳо басомади чунин амалҳои марбут ба табобат ва иммуногенӣ дар тӯли 10 моҳро меомӯзанд.

    Илова бар ин, дар соли 2021, "Moderna" озмоиши ваксинаро бар зидди ВИЧ мРНК-1574 оғоз мекунад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates