Моҳи июл сокинони Ӯзбекистон аз пиёдагардӣ қариб 69 миллион сӯм даромад ба даст оварданд

    Тандурустӣ 13 Avgust 2021 539

    Дар охири моҳи июл ғолибони платформаи “Тарзи ҳаёти солим” (I hls.uz) эълон шуда, он ба тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҳамватанонамон мусоидат намуд. Аз рӯи натиҷаҳои як моҳи охир 203 нафар ба рӯйхати ғолибон шомил карда шуданд.

    Ғалабаи асосӣ - 1 миллион сӯм, мисли моҳи гузашта, ба шаҳри Тошканд расид. Маҳз ба сокини 34-солаи ноҳияи Яшнобод Улуғбек Тойров. Дар як моҳ ӯ 1 миллиону 888 ҳазору 231 қадамро тай кард. Ин мард на танҳо дар қисмати ноҳияҳо, шаҳрҳо, балки дар миқёси ҷумҳурӣ беҳтарин шуд. У.Тойров дар платформа 1 миллиону 800 хазор сӯм ба даст овард.

    Умуман, аз рӯи натиҷаҳои моҳ 203 шаҳрванди Ӯзбекистон аз пиёдагардӣ 68 миллиону 900 ҳазор сӯм даромад ба даст оварданд.