Муғулистон содироти гӯшти ҳалолро ба Ӯзбекистон афзоиш медиҳад

    Тиҷорат 26 Dekabr 2022 1849

    То даҳ моҳи соли ҷорӣ Муғулистон ба Ӯзбекистон 500 тонна гӯшт ва каллаву поча содир кардааст. Дар оянда ҳаҷми содирот афзоиш хоҳад ёфт, гуфт вазири кишоварзии Муғулистон Х.Болорчулуун зимни мулоқоти онлайн бо вазири кишоварзии Ӯзбекистон Азиз Воитов.

    Моҳи декабри соли ҷорӣ ҷониби Ӯзбекистон ба 9 корхонаи Муғулистон барои воридоти гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ иҷоза дод, ки дар натиҷа шумораи корхонаҳои содиротии гӯшт ба Ӯзбекистон ба 26 адад расид, хабар медиҳад нашри Montsame.

    Соли 2019 миёни ду кишвар созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ баста шуда, шаҳодатномаҳои байтории дахлдор ба мувофиқа расонда шуданд. Ин имконияти содироти гӯшт ва маҳсулоти гӯштиро ба Ӯзбекистон боз намуд.

    Зимни вохӯрии онлайн оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ ва дар доираи лоиҳаи «Минтақаи солим бо режими байторию санитарӣ», ки аз ҷониби Ҳукумати Муғулистон амалӣ мегардад, табодули афкор сурат гирифт.

    Дар солҳои охир корхонаҳои Муғулистон стандартҳои байналмилалии забҳи ҳалолро дар истеҳсолоти худ ҷорӣ мекунанд, ки имкон медиҳад гӯшти бо ин технология тавлидшуда ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Озарбойҷон интиқол дода шавад.

    Ҷониби Ӯзбекистон ба афзоиши содироти гӯшт тавассути таъсиси хоҷагии муштараки чорводорӣ дар Муғулистон изҳори ҳавасмандӣ кардааст. Дар ин росто ҷонибҳо ҳамкориҳои муассир дар "Минтақаи солим бо низоми байторию санитарӣ"-и се вилояти ғарбиро баррасӣ карданд. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар Ӯзбекистон метавонад ба Муғулистон меваю буттамева ва сабзавоти хушсифат расонад ва дар натиҷаи таҳқиқоти пешакии бозор хулоса карда шуд, ки онҳо метавонанд дар нарх рақобатпазир бошанд.

    Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷараёни нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар Самарқанд баргузор шуд, президентҳои ҷумҳури ду кишвар мулоқоти дуҷониба анҷом дода, дар мавриди таъсиси комиссияи байниҳукуматии Муғулистон ва Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд. Бино бар ин, ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 дар Ӯзбекистон таҳти раёсати вазирони кишоварзии ду кишвар дар назар аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates