Мушкилот таҳлил карда, вазифаҳои пурра истифода бурдани имкониятҳо муайян карда шуданд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 март бахшида ба муҳокимаи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Намангон ҷамъомад баргузор намуд.

    Таъкид гардид, ки ба туфайли меҳнатдӯстӣ ва истеъдоди соҳибкории аҳолӣ вилояти Намангон ҳусни тоза касб менамояд. Дар ҳафт соли охир иқтисодиёт ду маротиба афзуда, содирот се баробар, даромад ба ҳар сари аҳолӣ ба 15,5 миллион сӯм расид. Ба туфайли сармоя ба миқдори 65 триллион сӯм 600 ҳазор ҷойи кори нав фароҳам оварда шуд. Аммо бисёр имконот ҳанӯз корбурд нашудааст, дар маҳалҳо камбудиҳо вуҷуд доранд. Барои мисол, 86 фоизи содироти вилоят ба соҳаҳои саноати бофандагӣ ва истеҳсоли меваву сабзавот рост меояд. Дараҷаи саноатисозӣ дар ноҳияҳои Поп, Чортоқ, Норин ва Янгиқӯрғон паст мебошад. Барои парвариши маҳсулот 56 ҳазор қитъаи наздиҳавлӣ истифода намегардад.
    Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳи танқидӣ баргузор гардид, мушкилот таҳлил гардида, вазифаҳо оид ба пурра сафарбар намудани имкониятҳо муайян карда шуданд.

    Роҳбари давлат таъкид кард, ки масъалаи муҳим таъмини аҳолӣ бо шуғл ва баланд бардоштани даромади он ба шумор меравад. Дар пойгоҳи таҷрибаи ноҳияи Сайҳунобод дар вилояти Намангон низ корҳои зиёд шурӯъ гардиданд. Ба 788 маҳалла дар 14 ноҳияи вилоят филиалҳои бонкҳо вобаста карда шуданд. Онҳо якҷоя бо ҳафтгонаи маҳалла имконоти ҳар як хонавода, хоҳиш ва кӯшиши оилаҳоро меомӯзад.

    Дар марҳилаи аввал 4 ҳазор оилаҳои камтаъмин интихоб гардида, барои онҳо чорабиниҳо оид ба афзоиши даромад ба сари аҳолӣ то 2 миллион сӯм андешида мешавад. Дар марҳилаи оянда боз ба 4 ҳазор оила дастгирии молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ расонда мешавад. Дар маҳаллаҳо барои рушди гулпарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ, ангурпарварӣ, парвариши қулуфной ва картошка имкониятҳои хуб фароҳам аст. Барои ин кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

    – Бо ин корҳо кӣ бояд машғул гардад? Ҳокимон, ки намояндагони Президент мебошанд, роҳбарони секторҳо, беш аз 5 ҳазор нафар ходимони идораҳои иқтисодиёт, ҳафтгонаи маҳалла бояд машғул гарданд. Барои ин ҳамаи шахсони масъул бо ҳар як корхона, соҳибкор ва хоҷагии хонаводагӣ алоқаи зичро бояд ба роҳ гузорад, – гуфт роҳбари давлат.

    Дар солҳои охир дар соҳаи саноати бофандагӣ азнавкоркарди пурраи ашёи хом ба роҳ монда шудааст, ки он ба афзоиши ҳаҷми содирот аз 1 то 4 миллиард доллар замина фароҳам овард. Мисли ин, дар саноати ҷавоҳирот инчунин потенсиали калон вуҷуд дорад. Ҳар сол дар мамлакатамон 100 тонна тилло истихроҷ гардида, фақат 6 фоизаш аз нав кор карда мешавад, ки он содиротро ҳамагӣ ба 78 миллион доллар таъмин менамояд. Бинобар ин дар бораи ташкил намудани минтақаҳои ҷавоҳирот бо шароити махсус барои соҳибкорон эълон гардид. Пурра занҷири гузоштани ашёи хом, тарбияи мутахассисон, тавлид ва низоми фурӯш таҷдиди назар мегардад, оид ба дохил намудани ислоҳ дар қонунгузорӣ пешниҳодот таклиф мегардад.

    Дигар имконоте, ки истифода намегардад, роҳ ва сайёҳӣ ба шумор меравад. Фосилаи байни шаҳри Ангрен то Тӯрақӯрғон 100 километрро ташкил менамояд, мавҷи ҳаррӯзаи автомобилҳо аз 10 ҳазор зиёд аст. Соҳибкорон омода ҳастанд, ки дар шафати ин роҳ қаҳвахона, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ ташкил намоянд ва 10 ҳазор нафарро бо кори доимӣ таъмин кунанд. Вазифа гузошта шуд, ки мастер-плани марбут таҳия гардида, заминҳо ба ауксион гузошта шаванд.
    Ногузирии рушди сайёҳӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва зебоманзараи вилояти Намангон таъкид гардида, боркашонии ҳавоӣ ва роҳи оҳан барои қулаии сайёҳон зиёд карда шавад.

    Потенсиали саноатии вилоят низ баланд мебошад. Дар солҳои охир 72 минтақаи саноатии хурд ва ҷавонон ба кор андохта шуд.
    Аммо дар 16 минтақаи саноатӣ имкон вуҷуд дорад, ки лоиҳаҳои иловагӣ дар 78 гектар ҷойгир карда шавад. 29 ҳавзаи истихроҷ бо роҳи саноатӣ азхуд карда нашудааст. Содирот ба мамлакатҳои ҳамсоя 568 миллион долларро ташкил менамояд, ки ин ба потенсиали минтақа ҷавобгӯ нест. Бинобар ин чорабиниҳо оид ба гузоштани ҳавзаҳои истихроҷӣ ба савдо, барпо намудани посгоҳҳои гумрукии иловагӣ ва хонаҳои савдо, ба вуҷуд овардани терминали боркашонӣ дар аэропорти байналхалқии Намангон ва маркази логистикӣ дар шафати ағбаи Қамчиқ муайян карда шуданд. Дар заминаи лоиҳаҳо дар соҳаҳои бофандагӣ, чарму пойафзор, ҷавоҳирот, саноати электротехникӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон супоришҳо дода шуд.

    Сохтмони силсилаи НОБ-ҳо дар дарёи Норин ва ду неругоҳи офтобии иқтидораш 1 ҳазор мегаватт дар ноҳияи Поп оғоз гардид. Соли оянда инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки силсилаи НОБ-ҳои хурд ба иқтидори 51 мегаватт дар Канали калони Андиҷон ба кор андохта шавад. Аҳамияти идома додани ин кор ва ҳамчунин ба вуҷуд овардани низоми гидроэнергетикие, ки ҳар як дарёча, ҳар як маҳалларо фаро мегирад, таъкид шуд.

    Зимни муҳокимаи мушкилоти хоҷагии қишлоқ таъкид гардид, ки кор дар бобати бетонфаршии каналҳо ва татбиқи технологияи сарфакунандаи об ҳанӯз беҳбудӣ мехоҳад.

    Дар ноҳияҳои Учқӯрғон, Поп, Уйчӣ ва Мингбулоқ моҳипарварии босуръат дар асоси таҷрибаи Словения инкишоф хоҳад ёфт, дар ин соҳа чор лоиҳаи бузург ба кор дароварда мешавад.
    Аз 1,5 миллион тонна меваву сабзавоте, ки дар вилояти Намангон парвариш ёфтааст, ҳамагӣ 10 фоизаш содир гаштааст. Дар сурати дуруст ташкил намудани кор содиротро то 3-5 маротиба афзудан мумкин аст. Барои ин географияи содироти меваву сабзавот то ба Чин, Олмон, Италия, Испания ва мамлакатҳои араб вусъат пайдо мекунад. Харитаи агрохимияи 54 ҳазор гектар замин таҳия карда мешавад, 18 ҳазор гектари он ба талаботи «GSP+» мутобиқ гардонда мешавад.

    Дар минтақа дараҷаи азнавкоркарди мева, сабзавот, гӯшт ва шир паст мебошад. Барои мисол, сарфи назар аз махсус гардонда шудани ноҳияҳои Косонсой ва Чортоқ ба сабзавот ва тухмӣ ягон корхона барои азнавкоркард вуҷуд надорад.

    Аз ин рӯ, 62 лоиҳа ба қимати 141 миллион доллар ба кор андохта мешавад, кластерҳои калони чорводорӣ ташкил мегарданд.
    Ба вазифаҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори шаҳр ва маҳаллаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд. Ҳоло шаҳри Намангони Нав барои 200 ҳазор аҳолӣ сохта мешавад. Дар ноҳияҳои Чуст ва Поп мавзеъҳои Ӯзбекистони Нав барои 10 ҳазор нафар аҳолӣ ва инчунин иморатҳои иқоматӣ барои 20 ҳазор квартира, IT-парк ва боғҳои сабз сохта хоҳанд шуд.

    Вазифаҳо оид ба беҳсозии таъминоти об, сохтмон ва таъмири роҳҳо дар ноҳияҳо муайян карда шуданд.

    Дар пойгоҳи 16 маркази махсуси тиббии минтақа 2 маркази тиббии Намангон – якум ва дуюм ба вуҷуд оварда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки хидматҳои таъҷилӣ ва дигари тиббӣ, хидмати ташхис ва соҳаҳои нозуки махсуси тиббӣ дар як ҷо ҷамъ омада, хидматрасонии шабонарӯзиро ба аҳолӣ таъмин намояд.
    Масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ, инчунин шуғли ҷавонон ва занон ба миён омад.

    Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида гузориши ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо, вазирон шунида шуд. Аз тариқи алоқаи видеоӣ муколамаи самимӣ бо ҷамъияти ноҳияҳо ба вуқӯъ пайваст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates