Меҳмони олимақом барои иштирок дар Ҳамоиши ҷаҳонӣ таҳти мавзӯи «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилона барои наслҳои оянда», ки 21-22 октябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, ба кишвари мо ташриф овард.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Халилур Раҳмонро бо интихоб шуданаш ба мақоми Раиси сессияи 81-уми Маҷмаи Умумии СММ самимона табрик гуфта, махсус таъкид кард, ки Ӯзбекистон аввалин кишварест, ки ӯ дар ин мақом ба он сафар кардааст.
Дар навбати худ, Халилур Раҳмон ба Президенти Ӯзбекистон саломи самимии Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро расонд.
Зимни мулоқот аз рӯйи масъалаҳои тавсеаи минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои он мубодилаи афкор карданд.
Солҳои охир Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси кишвари мо 15 қатъномаро қабул кард, ки дутои онҳо имсол тасдиқ шуданд.
Ӯзбекистон дар фаъолияти мақомоти асосӣ ва сохторҳои созмон фаъолона иштирок мекунад. Илова бар ин, кишвари мо номзадии худро барои узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ дар солҳои 2035–2036 пешбарӣ кардааст.
Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз рушди минбаъдаи ҳамкории созанда дар самтҳои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин таҳкими фарҳанги сулҳ ва муколамаи байнидинӣ манфиатдоранд.
Зимни гуфтугӯ дар бораи муносибатҳои дуҷониба, омодагӣ барои густариши минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба бо Бангладеш, ки яке аз кишварҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ мебошад, баён гардид.