Ин муҷассама дар ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар бо ғояи Президент ба ифтихори Ватанамон, халқи далеру сулҳҷӯ ва меҳнатдӯсти мо ва корнамоиҳои онҳо гузошта шудааст. Ба муносибати воқеаҳои барҷаста ва ҳангоми сафари ҳайатҳои вакилони хориҷӣ ба пояи он гул гузоштан ба ҳукми анъана даромад.
Дар маросим намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Администратсияи Президент, вазорату идораҳо, аҳли ҷомеаи шаҳри Тошканд иштирок карда, ба пояи муҷассама гулҳо гузоштанд.