Ҳуҷҷати дахлдор дар портали федералии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар лоиҳа ворид намудани тағйирот ба қонуни федералӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии хориҷиён дар Русия пешбинӣ шудааст. Он пешниҳод мекунад, ки барои хориҷиёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии Русия бо аккредитатсияи давлатӣ рӯзона таҳсил мекунанд, низоми махсуси ҳуқуқӣ муқаррар карда шавад.

Тавре ки дар шарҳи тавзеҳот нишон дода шудааст, имрӯз хориҷиёни дар Русия таҳсилкунанда дар асоси квотаи муқарраркардаи ҳукумат дар асоси умумӣ иҷозати зисти муваққатӣ мегиранд.

"Бо мақсади содда кардани тартиби будубош (истиқомат) -и ин тоифаи шахсон дар қаламрави Федератсияи Русия ва қонунигардонии минбаъдаи онҳо, лоиҳаи қонун вориди иловаҳоро пешниҳод менамояд... (қонуни дахлдори федералӣ – таҳ.)  моддаҳои 62, мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ФР ба мақсади таҳсил дар ташкилоти таълимии  давлатӣ ё давлатиии илмӣ омадаанд, метавонанд ба мақсади таҳсил барои будубоши муваққатӣ иҷозатнома гиранд”, гуфта  мешавад дар шарҳи тавзеҳот.

Мувофиқи он, хориҷие, ки иҷозатномаи будубоши муваққатӣ гирифтааст, сокини муваққатӣ хоҳад буд ва метавонад ҳам дар ҷои истиқомат ва ҳам дар ҷои будубош сабти ном шавад. Илова бар ин, барои содда кардани шароит барои донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба онҳо иҷозат дода шавад, ки ҳангоми тарк кардани Русия дар давраи таҳсил дар маҳалли будубош аз қайд нагузаранд.

"Тағйирот ба Қонуни федералӣ № 109-ФЗ бори вазнини ҳам мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русияро дар мавриди гирифтани ин огоҳиҳои мазкур ва ворид кардани маълумот ба сабтҳои идоравӣ, инчунин ҳам муассисаҳои таълимии давлатӣ ё илмии давлатиро  дар қисмати иҷрои талаботи ҳатмии донишҷӯи хориҷӣ барои бақайдгирии муҳоҷират сабук мекунад", - омадааст дар шарҳи тавзеҳот. Ба тоифаи зикршудаи шаҳрвандон (хориҷиёни дорои ИБМ) додани раводиди истиқомати муваққатӣ пешниҳод  карда мешаванд.