Дар чорабинӣ Бонуи аввали Ӯзбекистон Зироат Мирзиёева, бонувони аввали кишварҳои дигар ва меҳмонони олимақоми саммит иштирок карданд.

Марказ ба низоми Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил мешавад. Дар он таҳсилоти томактабӣ, кумаки ислоҳию педагогӣ ва барқарорсозии ҳамаҷонибаи кӯдакон муттаҳид карда мешаванд. Дар назар аст, ки барномаҳои машғулиятҳо бо дарназардошти ниёзҳои инфиродии ҳар як кӯдак таҳия карда шаванд.

Волидайн низ метавонанд аз мутахассисон тавсияҳо гиранд, то барои мустаҳкам намудани малакаҳои азхудкардаи кӯдакон дар шароити хона мусоидат намоянд.

Шуъбаи томактабии марказ барои 150 ҷой пешбинӣ шуда, аз 10 гурӯҳи махсусгардонидашуда барои кӯдакони аз 2 то 7-сола иборат аст.

Шуъбаи амбулаторӣ имкон дорад ҳар моҳ тақрибан 100 кӯдаки аз 2 то 18-соларо барои гузаштани курсҳои барқарорсозӣ қабул намояд.

Дар марказ машғулиятҳо оид ба тарбияи ҷисмонии табобатӣ, рушди нутқ ва ҳаракатҳои майдаи даст, ҳамгироии ҳиссӣ, инчунин физиотерапия ва дигар расмиёти табобатӣ пешбинӣ шудаанд.

Ба кӯдакон табибони ҳафт ихтисос, омӯзгорони дефектолог, логопедҳо, равоншиносон, мутахассисони барқарорсозӣ ва дигар кормандон кумак мерасонанд.

Маркази Самарқанд муассисаи нави шабакаи «IMKON» гардид, ки марказҳои он инчунин дар шаҳрҳои Нукус, Қибрай, Қаршӣ ва Зарафшон фаъолият мекунанд.

Соли 2025 дар муассисаҳои ин шабака беш аз 546 ҳазор расмиёти табобатӣ ва машғулият гузаронида шуда, 3 777 кӯдак аз барқарорсозии амбулаторӣ гузаштанд.

Корҳо барои васеъ намудани шабака идома доранд. Дар шаҳри Фарғона аллакай сохтмони маркази ба ин монанд оғоз гардидааст. Инчунин, дар назар аст, ки боз ду муассисаи дигар дар Намангон ва Нурафшон, воқеъ дар вилояти Тошканд, сохта шаванд.

Ифтитоҳи марказҳои нав ба васеъ намудани дастрасии кӯдакон ба кумаки махсусгардонидашуда, барқарорсозӣ ва таҳсилоти томактабӣ бо дарназардошти ниёзҳои инфиродии онҳо равона шудааст.