"Пешниҳод карда мешавад, ки аз иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Федератсияи Русия даст кашида шавад" гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Ҳамзамон, дар лоиҳаи қонун ҷорӣ намудани се режими муҳоҷирати будубош дар Русия барои хориҷиён пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он онҳо метавонанд қонунан дар қаламрави кишвар бимонанд, хабар медиҳад ТАСС.

Аз ҷумла, сухан дар бораи режими кӯтоҳмуддати будубош меравад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дар давоми як соли тақвимӣ дар маҷмӯъ на бештар аз 90 рӯз, режими дарозмуддат - зиёда аз 90 рӯз дар маҷмӯъ дар давоми соли тақвимӣ бидуни гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ ва инчунин будубоши номуайян воқеъ бошад.

Ғайр аз ин, ҳоло ба муҳоҷирон имконият дода мешавад, ки ҳадафи будубоши худро бидуни тарки Федератсияи Русия иваз кунанд. Вазорати корҳои дохилӣ инчунин пешниҳод мекунад, ки феҳристи шахсони даъваткунандаи беинсоф ҷорӣ карда шавад. Барои гирифтани иҷозатномаи истиқомати доимӣ, тартиби умумӣ ва соддаи гирифтани он ҷорӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия дар доираи чораҳо оид ба татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2025 таҳия шудааст.