Кофтуковҳои бостоншиносӣ аз ҷониби Амриддин Бердимуродов, Ҳусниддин Раҳмонов ва Нигора Маҳкамова, муҳаққиқони Институти бостоншиносии Самарқанд ба номи Яҳё Ғуломов, анҷом дода мешаванд.

Дар натиҷаи ҳафриёт бахше аз сохтори меъмории қаср, ки дар қисми қалъаи дохилии (Арк)-и шаҳркадаи бостонии Мингтепа ҷойгир буда, ба нимаи аввали асри VIII мансуб дониста мешавад, ошкор карда шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон, тарзи бунёд ва хусусиятҳои меъмории ин қаср барои омӯзиши таърихи шаҳрсозӣ, меъморӣ ва низоми идоракунии давлатӣ дар давраи аввали асрҳои миёна аҳамияти бузурги илмӣ доранд.

Ҳангоми ҳафриёт дар толори асосии қаср инчунин намунаҳои нодири ҳайкалтарошии асри VIII низ пайдо шуданд. Айни замон ин бозёфтҳо аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиши илмӣ қарор доранд.
Бостоншиносон бар ин назаранд, ки бозёфтҳои нав барои рӯшантар гардидани паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии Мингтепа ва дар маҷмӯъ таърихи рушди минтақа дар давраи аввали асрҳои миёна маълумоти арзишманди илмӣ фароҳам меоранд.