Дар музоядаҳои биржа нархи орд поин меравад

    Молия 8 Iyun 2022 1839

    Дар давраи гузашта 44 корхонаи ҶС «Ӯздонмаҳсулот» 45,0 ҳазор тонна орди навъи 1-ро ба фурӯш гузоштааст, ки 43,8 ҳазор тонна ё 97 фоизи он фурӯхта шудааст.

    Дар ин бора сардори хадамоти иттилоотии Биржаи ашёи мол ва ашёи хоми ҷумҳурӣ Ҳикматулло Тилабоев дар брифинги АИКО хабар дод.

    Аз рӯи ҷамъбасти музоядаҳо нархи миёнаи орди навъи 1 барои як тоннаи маҳсулот 4 549,3 ҳазор сӯмро ташкил дод.

    Дар натиҷаи дар музоядаҳои кушоди биржа фурӯхтани орд ва зиёд шудани таклиф дар бозор арзиши як халта орд дар бозорҳои ғайрибиржавӣ нисбат ба моҳи май ба ҳисоби миёна аз 270-290 ҳазор сӯм то 240-260 ҳазор сӯм арзон шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates