Дар курорти лижаронии Амирсой роҳи нави ресмонӣ ба кор даромад

    Сайёҳӣ 27 Dekabr 2021 2324

    26 декабри соли ҷорӣ дар осоишгоҳи лижаронии Амирсой, ки дар вилояти Тошканд воқеъ аст, расман муаррифии роҳи нави ресмонии “Amirsoy Express” баргузор шуд.

    “Amirsoy Express” меҳмононро рост аз роҳи шоссе ба минтакаи курорт мебарад, ки он роҳи дарози куҳиро давр зада, роҳи ронандагонро 5 километр кутоҳ мекунад.

    Роҳи ресмонӣ аз 74 гандоли (кабина) гунҷоишашон 10 нафар иборат аст. Дарозии умумии он 2 913 метр ва иқтидори он дар як соат 2 400 нафарро ташкил медиҳад. Вақти сафар дар роҳ 9 дақиқа аст.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Тошканд, иншоот дар муддати кӯтоҳ аз 1 май то 15 декабри соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Маблағи умумии сармоягузорӣ 15,2 миллион евроро ташкил дод.

    Инчунин барои марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба бунёди курорти лижаронӣ дар вилояти Бӯстонлиқ, ки ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошад, идома дорад. Дар доираи лоиҳа меҳмонхонаҳои 4 ва 3-ситорадори дорои 200 ва бештар аз ҳуҷраҳо, нуқтаҳои иҷора барои таҷҳизоти нав ва либосҳои лижаронӣ, ҳавзи тобистона ва минтақаҳои фароғати мавсимии фаъол сохта мешаванд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates