Дар сарҳади Покистон ва Афғонистон боз даргирӣ рух дод

    Артиши Покистон дар посух ба ҳамла ба посгоҳе дар вулусволии Куррам, воқеъ дар шимолу ғарби вилояти Хайбар-Пахтунхва, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, оташ кушод, хабар медиҳад PTV бо истинод ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар.

    "Дар посгоҳҳои ҷангҷӯён оташ сар зад ва Толибон қурбониёни зиёдро гузошта, ақибнишинӣ карданд", - омадааст дар гузориш.

    Шоми гузашта портали Tolo News хабар дод, ки дар наздикии ноҳияи Зазай-Майдони вилояти Хуст миёни сарбозони афғон ва покистонӣ тирпарронӣ рух додааст.

    Субҳи рӯзи сешанбе дар наздикии ноҳияи Шарбаки вилояти Қандаҳор миёни марзбонони ду кишвар тирандозӣ рух дод. Даргирии марзӣ ҳафтаи гузашта пас аз он оғоз шуд, ки ҳукумати Афғонистон Покистонро дар нақзи ҳарими ҳавоии Афғонистон ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба қаламрави Афғонистон муттаҳам кард, хабар медиҳад ria.ru.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates