Комиссияи қоғазҳои қимбаҳо ва биржаҳои ИМА (SEC) дар мавриди қонуншиканиҳои ҳангоми харидории шабакаи иҷтимоие, ки баъдан номи он ба Х иваз шуд, ба суд муроҷиат намуд.
"Иттиҳомшаванда Илон Маск ба SEC дар бораи харидории беш аз 5% саҳмияҳои дар гардишбудаи Twitter дар моҳи марти соли 2022 маълумотномаи бенефитсиарии соҳибиятро пешниҳод накард, ки он вайронкунии қонунҳои федералии қоғазҳои қиматбаҳоро ошкор мекунад. Дар натиҷа, Маск харидории саҳмияҳроо бо нархҳои сунъии арзон идома дода тавонист, ки ин ба ӯ имкон дод, ки барои саҳмияҳои пас аз тамом шудани мӯҳлати ҳисоботи соҳибияти бенефитсиарӣ харидоришуда ҳадди ақал 150 миллион доллар камтар пардохт кунад," гуфта мешавад дар даъвои судӣ.
Танзимгар аз суди Вашингтон хоҳиш кардааст, ки нисбат ба Маск ҷаримаи шаҳрвандӣ татбиқ намояд ва мувофиқи ҳуҷҷатҳо ва ихтиёри суд барои фоидаи беасос пардохти товон талаб кунад, хабар медиҳад ria.ru.