«Рафти машваратҳо дар сатҳи ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви ШҲТ дар Самарқанд нишон медиҳад, ки дар нишасти дарпешистода, ки рӯзҳои 15-16 сентябр баргузор мешавад, қарор дар бораи қабули 6 шарики нави муколама ба ин созмон ва чортои онҳо мамлакатҳои араб мебошанд, тасдиқ карда хоҳад шуд. Дар баробари ин интизор меравад, ки қарор дар бораи оғози расмиёти ба узвияти СҲШ қабул кардани Ҷумҳурии Белорус низ қабул шавад”, гуфт дипломат, ки аз номи Ӯзбекистон дар ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Самарқанд раисӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ, ки рӯзи 10 сентябр оғоз шуд, масъалаҳои омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи Самарқанд дар сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.

Ҳамоҳангсозони миллӣ матнҳои ниҳоии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод мешаванд, мувофиқа карда, ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти кунунии созмонро баррасӣ хоҳанд кард.