Дар заминҳои ба Тошканд ҳамроҳкардашуда инфрасохтор ривоҷ меёбад

    Шаҳришавӣ 23 Noyabr 2021 14257

    Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон 19 ноябри соли 2021 таҳти рақами 702 "Дар бораи чораҳо оид ба рушди маҷмӯии нуқтаҳои аҳолинишин, ки аз вилояти Тошканд ба Тошканд гузаронда шуданд, дар солҳои 2021-2024 ва оид ба беҳдошти минбаъдаи соҳаи хидматрасонии коммуналӣ" қарор қабул кард.

    Барои самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷудаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Зангиота, Юқори-Чирчиқ, Ӯртачирчиқ ва Қибрайи вилояти Тошканд, ки ба ихтиёри ноҳияҳои Сергели, Бектемир, Мирзо-Улуғбек ва Яшнободи шаҳри Тошканд дода шудаанд, ташкили истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва беҳтар намудани соҳаи хизматрасонӣ ба назар гирифта шудааст.

    Барномаи рушди маҷмӯгӣ ва беҳтар гардондани соҳаи хидматрасонии коммуналии нуқтаҳои аҳолинишини аз вилояти Тошканд ба Тошканд гузарондашуда, ки бо қарор тасдиқ гардидааст, дар солҳои 2021-2024 инҳоро фаро мегирад:

    • параметрҳои мақсаднок ва манбаъҳои маблағгузории барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
    • номгўи суроғаи лоиҳаҳои сармоягузории рушди саноат, хизматрасонӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
    • тадбирҳои комплексии такмил додани инфрасохтори нақлиёт ва муҳандисию коммуникатсионӣ;
    • номгуи нишони тадбирҳои комплексии сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии объектҳои иҷтимоӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии онҳо.

    Ба зиммаи ҳокимияти шаҳри Тошканд якҷоя бо Вазорати сохтмон инҳо гузошта шаванд:

    • то охири соли 2022 коркард ва тасдиқ намудани нақшаи генералии шаҳри Тошканд, инчунин коркарди лоиҳаҳои тарҳи батафсили ҳудудҳои аз вилояти Тошканд ба Тошканд додашударо таъмин намояд;
    • сохтмони муассисаҳои нави давлатии томактабӣ, мактабҳо, муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маданият ва спорт.
    • Ҳокимияти вилояти Тошканд, вазорати кишоварзӣ, Агентии идоракунии активҳои давлатӣ, Агентии кадастри назди КДА дар тӯли ду моҳ супурдану қабули объектҳои инфрасохтори иҷтимоиро, ки дар сарҳадҳои тағйирдодашуда қарор доранд, ба сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ таъмин намоянд.

    Ҳуҷҷат бо забони давлатӣ дар Базаи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ чоп шудааст ва аз 20 ноябри соли 2021 эътибор пайдо кард, хабар медиҳад "Norma".

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates