Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати энергетика, имрӯз ин ширкат барои пӯшонидани нерӯи барқи барои эҳтиёҷоти худ аз ҳисоби манобеи таҷдидшавандаи энержӣ неругоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бунёд мекунад. Неругоҳ дар семоҳаи аввали соли 2023 ба истифода дода мешавад.
Неругоҳ соле ба хисоби миёна 1 миллиону 800 ҳазор киловатт-соат қувваи электр ҳосил карда, сарфи қувваи электрро дар корхона 20-30 фоиз кам ва 628 зазор метри мукааб гази табииро сарфа мекунад.
Барои маълумот: дар 11 моҳи соли 2022 дар неругоҳ панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 16 кВт ба истифода дода шуданд. Инчунин 14 адад обгармкунаки офтобӣ бо зарфияти 2800 литр, 380 чароғҳои панели офтобӣ ва 360 сенсори ҳаракат насб карда шудаанд