Дар ҳудуди вилояти Сурхондарё заминларзаи сеюм ба амал омад

    Имрӯз, 23 ноябр, соати 14:36 ба вақти маҳаллӣ дар Ӯзбекистон заминларзаи 3,9 дараҷа эҳсос шуд.

    Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, маркази заминларза дар ноҳияи Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё қарор доштааст.

    Координатҳои заминҷунбӣ: 37,76 градуси арзи шимолӣ; 67,69 градус тӯли шарқӣ. Бузургӣ M=3,9. Чуқурӣ 10 км. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу ғарб 411 километрро ташкил медиҳад.

    Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

    Ноҳияи Қумқӯрғон: 3 балл, 16 км.

    Ноҳияи Шурчи: 2-3 балл, 26 километр.

    Ноҳияи Бандихон: 2 балл, 31 км.

    Нохияи Ҷарқӯрғон: 2 балл, 35 км.

    Ноҳияи Қизириқ: 2 балл, 42 км.

    Ин сеюмин заминларзаи имрӯза дар ин минтақа аст. Якум, ки қувваи он 3,4 балл буд, соати 04:28 ва дуюм соати 14:08 рух додааст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates