Дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларзаи дуюм рух дод

    Имрӯз, 12 март, соати 08:11 бо вақти Тошканд дар ҳудуди Ӯзбекистон заминларза ба амал омад. Маркази зилзила дар Қирғизистон ҷойгир буд.

    Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, координатаҳои заминларза чунинанд: 40,55 дараҷа арзи шимолӣ; 72,76 дараҷа тӯли шарқӣ. Қувваи зилзила (магнитуда) M=4 буд. Чуқурии он 10 км-ро ташкил дод. Масофа аз маркази зилзила то Тошканд 308 км дар самти ҷанубу шарқӣ мебошад.

    Қувваи таконҳои замин дар ҳудуди Ӯзбекистон:

    Ноҳияи Хӯҷаобоод: 2-3 балл, 13 км.

    Ноҳияи Ҷалолқудуқ: 2 балл, 23 км.

    Ноҳияи Булоқбошӣ: 2 балл, 24 км.