Дар форуми соҳибкории Ӯзбекистону Афғонистон дар Кобул 16 созишнома ба маблағи 45 миллион доллар ба имзо расиданд

    Тиҷорат 14 May 2025 1123

    Дар доираи сафари ҳайати намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ба Кобул, ки таҳти раҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноат Даврон Ваҳҳобов баргузор гардид, форуми соҳибкории Ӯзбекистону Афғонистон ва мулоқотҳои формати B2B ташкил карда шуданд.

    Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум муовини вазири саноат ва савдои Афғонистон Аҳмадулло Зоҳид ба сиёсати хориҷии пешгирифта, ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши Президенти Ӯзбекистон ҷиҳати пуштибонии ҳамаҷонибаи мардуми Афғонистон дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд дод.

    Ӯ ҳамчунин аз ифтитоҳи Маркази байналмилалии савдо дар шаҳри Тирмиз ва хонаҳои тиҷоратии Ӯзбекистон дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф ёдовар шуда, аҳамияти истифодаи самараноки имкониятҳои онҳо аз ҷониби намояндагони доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар таъкид кард.

    Дар навбати худ, раиси Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон Даврон Ваҳҳобов зикр намуд, ки бо шарофати талошҳои ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар солҳои охир ҳаҷми савдои мутақобила ба таври назаррас афзудааст.

    Раиси Палатаи савдо ва сармоягузории Афғонистон Муҳаммад Юнус Моманд рушди фаъолонаи муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ӯзбекистон ва Афғонистонро махсус қайд намуда, ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои додани имтиёзҳо ба соҳибкорони афғон изҳори миннатдорӣ кард.

    Пас аз қисми расмии чорабинӣ форуми соҳибкорӣ ва мулоқотҳои формати B2B бо иштироки 96 соҳибкори ӯзбек ва 110 соҳибкори афғон баргузор гардиданд. Зимни гуфтушунидҳо дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, саноати электротехникӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар натиҷаи гуфтушунидҳо 16 созишнома ба маблағи умумии 45 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates