Намояндагони Ӯзбекистон дар ҳамоиши ҷаҳонии мушкилоти маъюбон ширкат карданд

    16 феврали соли 2022 Саммити дуюми ҷаҳонии маъюбон (GDS22) оғоз ёфт. Бо дарназардошти вазъиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус, ин конфронси дурӯза онлайн баргузор гардид.

    Чорабинии байналхалқӣ аз ҷониби ҳукуматҳои Норвегия ва Гана, Иттиҳоди байналмилалии маъюбон (IDA) ташкил карда шуд.

    Дар он сарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сарони давлату ҳукуматҳо, масъулини вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бахши хусусӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.

    Дар чорабинии байналмилалӣ муовини якуми Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Саидов маърӯза кард.

    Дар ҳамоиши ҷаҳонӣ дурнамои татбиқи талаботи рушди фарогирро, ки боиси тағйироти мушаххас ва амалӣ дар ҳаёти одамони дорои маълулият дар асоси Ҳадафҳои рушди устувори СММ мебошад, баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates