Мувофиқи Қарор аз 1 январи соли 2024 қарор оид ба ҳатман ворид намудани нуқтаҳои қувватдиҳии электромобилҳо ба лоиҳаҳои сохташавандаи марказҳои савдо ва тиҷорат, маҷмӯъҳои дилхушӣ, нуқтаҳои сӯзишворипуркунӣ, меҳмонхонаҳо, объектҳои инфрасохтори шафати роҳҳои автомобилии таъиноти байналмилалӣ ва давлатӣ қабул шуд.
То охири соли 2024 дар ҷумҳурӣ барномаи чораҳо оид ба зиёд намудани шумораи стансияҳои қувватдиҳии мошинҳои барқӣ ба ҳадди ақалл ба 2500 адад тасдиқ шудааст.
Дар он:
қитъаҳои замин барои насби 1500 нуқтаҳои қуватдиҳии автомобилҳо дар ҷойҳои шафати шабакаҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо ва зеристгоҳҳо дар давоми соли 2023 ба музояда гузошта мешаванд;
дар наздикии хати электр, пунктҳои трансформаторӣ ва зеристанисияҳое, ки дар ҷойҳои шафати роҳҳои байналхалқӣ ва давлатӣ воқеъ гардидаанд, камаш 500 нуқтаи қуватдиҳии мошинҳои барқӣ ташкил карда мешавад;
қитъаҳои замин тавассути AИС "K-SAVDO" барои дар солҳои 2023-2024 ҷойгир кардани ҳадди аққал 500 нуқтаҳои қуватдиҳии электромобилҳо ба савдои музояда гузошта мешаванд.
Аз 1 январи соли 2023:
ба субъектҳои соҳибкорӣ ҳуқуқи фурӯши (реализатсияи) қувваи барқ ба воситаи нуқтаҳои қуватдиҳии электромобилҳо ба мақсади қувват додан ба воситаҳои нақлиёт, ки аз манбаъҳои қувваи барқ ҳаракат мекунанд, дода мешавад;
тарифҳо (нархҳо) барои хидмати қувватдиҳии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ, мустақилона, новобаста аз тарифҳои ба қувваи барқ тасдиқшуда муқаррар карда мешавад.
То 1 декабри соли 2023 оид ба насби нам кам аз як нуқтаи (чорканалдори) қуватдиҳии электромобилҳои иқтидораш 60 кВт ва беш аз он дар нуқтаҳои сӯзишворипукунии дарамали автомобилҳои бензинӣ, сӯзишвории дизелӣ ва газӣ чораҳо андешида мешаванд.
Қарор дода шуд, ки аз 1 январи соли 2023 то 1 январи соли 2026 аз:
андози замин аз шахсони ҳуқуқӣ – нуқтаҳои қуватдиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ, инчунин қитъаҳои замине, ки дар онҳо таваққуфгоҳҳо (истгоҳҳо) ҷойгиранд, андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ – нуқтаҳои қуватдиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ;
андози даромад – субъектҳои соҳибкорие, ки фаъолияти асосии онҳо пешниҳоди хизматрасонӣ барои қуватдиҳии воситаҳои нақлиёт мебошад; андоз аз муомилот оид ба даромад аз пешниҳоди хизматрасониҳои қуватдиҳии воситаҳои нақлиёт;
боҷи гумрукӣ – нуқтаҳои қуватдиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ, ҷузъҳои онҳо ва таҷҳизоти технологии инфрасохтори хидматрасонӣ, ки аз хориҷа ворид карда мешаванд, озод карда шаванд.