Дар 18 департаменти дигар сатҳи норанҷии огоҳӣ амал мекунад.
Дар департаменти Жиронда чанд ҳазор хонадон бе барқ монда, тақрибан 20 ҳазор нафар аз алоқаи мобилӣ маҳрум шудаанд.
Обхезиҳо, ки бар асари аз соҳил баромадани дарёҳо ба амал омадаанд, боиси қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар ғарби Фаронса шуданд. Ба туфайли обхезӣ зиёда аз 70 роҳ баста шуд. Хизматрасонии роҳи оҳан, бахусус дар минтақаи Бордо, бо ихтилол рӯ ба рӯ шудааст.
Париж ба болоравии сатҳи оби дарёи Сена омодагӣ мебинад. Интизор меравад рӯзи шанбе сатҳи об ба ҳадди баландтарини худ расад, хабар медиҳад report.az.