баннер
22 Apr 2025
17:35

    Машқҳои муштараки Ӯзбекистону Қазоқистон «HANJAR-2024» оғоз шуданд

    Сарҳади ҳарбӣ 12 Noyabr 2024 6159

    Дар машқгоҳи кӯҳии «Фориш»-и Округи марказии ҳарбӣ машқҳои муштараки тактикӣ-махсусии «HANJAR-2024» байни хидматчиёни ҳарбии Ӯзбекистон ва Қазоқистон оғоз ёфтанд.

    Баъд аз маросими кушодашавӣ, брифинг бо роҳбарони ҳайати низомии Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он нақшаи машқҳои муштарак баррасӣ гардид. Дар бораи табодули таҷриба барои гузаронидани як қатор машғулиятҳои амалӣ дар ҷараёни машқҳои даҳрӯза мувофиқа ҳосил шуд.

    Аз ҷумла, дар ҷараёни машқҳои махсуси тактикӣ «HANJAR-2024» хидматчиёни ҳарбии ҳар ду кишвар равандҳои тирпарронӣ аз силоҳи гуногуни оташфишон, ҷанг дар ҳудуди маҳалли аҳолинишин, инчунин таҳлили амалҳоро тамрин хоҳанд кард.

    Ҳамчунин, барои иштирокчиёни ин машқҳо чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла рӯзи хӯрокҳои миллӣ, мусобиқаҳои футбол ва саёҳат ба шаҳри қадимаи Самарқанд пешбинӣ шудаанд.

    Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech