Вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи Парчам, герб ё мадҳияи давлатӣ боиси  тайин кардани ҷарима мешавад:

барои шаҳрвандон то се баробари ААҲ (то 900 ҳазор сӯм), ба шахсони мансабдор — аз се то ҳафт баробари ААҲ (аз 900 ҳазор сӯм то 2,1 миллион сӯм).

Худи ҳамин ҳуқуқвайронкунӣ такрор содир карда шавад, боиси ба таври зерин ҷарима ситондан пешбинӣ мегардад:

ба шаҳрвандон  аз се то панҷ баробари ААҲ (аз 900 ҳазор сӯм то 1,5 миллион сӯм), ба шахсони мансабдор — аз ҳафт то даҳ баробари ААҲ (аз 2,1 миллион сӯм то 3 миллион сӯм).

Инчунин, барои поймол кардани Парчам, герб ё мадҳияи давлатӣ ҷазо дода мешавад:

ҷарима ба миқдори то 25 баробари ААҲ (то 7,5 миллион сўм) ё ки то 360 соат кори ҳатмии ҷамъиятӣ  ёки  то 3 сол корҳои ислоҳшавӣ, хабар медиҳад Вазорати адлия.