Дар доираи ин фестивали 50-рӯза чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, барномаҳои консертӣ, намоишгоҳ, конфронс, семинар ва мулоқотҳо дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудаанд.

Ба муносибати баргузории фестивал дар шаҳр ва вилоят корҳои густурдаи ободонӣ ва сабзазоркунӣ анҷом дода шуданд. Кӯчаҳо, хиёбонҳо, боғҳо ва майдонҳои асосии чорабинӣ бо зиёда аз 150 миллион ниҳоли гул оро ёфтанд, ки бори дигар мақоми Намангонро ҳамчун «шаҳри гулҳо» таъкид намуд.

Барномаи фестивал зиёда аз 150 чорабинӣ, аз ҷумла консерт, баромадҳои фолклорӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангӣ, инчунин конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳирор дар бар мегирад.

Яке аз рӯйдодҳои асосӣ сабти рекорд дар боғи фарҳанг ва фароғатии ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур гардид. Дар ин ҷо дар давоми як моҳ аз ҷониби як даста тақрибан 30 миллион ниҳоли гул шинонида шуд. Ба шарофати ин, Намангон ба Китоби рекордҳои Гиннес дар номинатсияи «Шумораи бештари гулҳои шинонидашуда аз ҷониби як даста дар давоми як моҳ» ворид гардид.

Интизор меравад, ки фестивалро тақрибан 1 миллион сайёҳи хориҷӣ ва то 7 миллион сайёҳи дохилӣ тамошо кунанд.

Фестивали байналмилалии гулҳо ҳамчун майдони муҳим барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Намангон, мероси фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва меҳмоннавозии он дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мешавад.