Маҳсулоти бофандагии Намангон дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор дорад

    Президент Шавкат Мирзиёев аз корхонаи нави кластери «Ифтихор кийим саноат» дар ноҳияи Тӯрақӯрғон боздид намуд.

    Имрӯз Намангон пешсафи Ӯзбекистон дар соҳаи нассоҷӣ мебошад. Ба ҳиссаи ин соҳа сеяки истеҳсоли саноатии вилоят ва нисфи содироти он рост меояд. Дар вилоят тақрибан 2,5 ҳазор корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунанд, ки зери тақрибан 250 бренд маҳсулот истеҳсол намуда, беш аз 100 ҳазор нафарро бо даромади баланд таъмин месозанд.

    Бо мақсади густариши иқтидори саноатӣ Минтақаи озоди иқтисодии «Намангон» ба ноҳияи Тӯрақӯрғон низ паҳн карда шуд. Дар миёни тақрибан бист лоиҳаи амалишаванда, корхонаи нави кластери «Ифтихор кийим саноат» низ мавқеи муҳим дорад.

    Дар ҷаласаи видеоселектории 13 август Сарвари давлат зарурати ҳамкории корхонаҳои нассоҷӣ бо брендҳои пешбари ҷаҳониро таъкид намуд. Маҳз дар «Ифтихор кийим саноат» чунин механизм бомуваффақият роҳандозӣ шудааст: дар ин ҷо маҳсулот барои брендҳои маъруф ба монанди «Bugatti», «Pierre Cardin», «Roy Robson», «Baldessarini», «Lavard», «Jake’s», «Engbers», «Cinque», «Walbusch» ва дигарон истеҳсол мегардад. Имрӯз либосҳои дар Намангон дӯхташуда аз рафҳои мағозаҳои аврупоӣ ҷой гирифтаанд.

    Илова бар ин, корхона матоъҳои фарши мошинҳои «Mercedes-Benz», «BMW», «Rolls-Royce»-ро низ истеҳсол мекунад. Ин дар минтақа ягона корхона мебошад, ки бо чунин соҳа ихтисос дорад. Умуман, ҳамкорӣ бо тақрибан бист брендҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

    Арзиши умумии лоиҳаи нав 198 миллион долларро ташкил дода, маблағҳо барои сохтмони иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷалби технологияҳои пешрафта равона гардиданд. Биноҳои муосир сохта шуданд, лабораторияи махсус таъсис ёфт. Таҷҳизоти каммасрафи аз Олмон, Италия, Туркия ва Полша овардашуда маҳсулнокиро зиёд кард, лаборатория бошад, дар таъмини назорати сифат ва таҳкими эътимоди брендҳои пешбар ба ҳалқаи асосӣ табдил ёфт.

    «Ифтихор кийим саноат», ки роҳи худро ҳамчун як сехи хурди дӯзандагӣ оғоз карда буд, имрӯз ба як кластери бузург — аз парвариши пахта то содироти маҳсулоти тайёр табдил ёфтааст. Стандартҳои қатъии сифат маҳсулоти онро ба бозори ҷаҳонӣ бароварданд.

    Президент бо раванди истеҳсол ошно гардид, бо кормандон суҳбат намуд. Ҳангоми ба пуррагӣ фаъолият кардан, корхона ҳар сол ба маблағи 100 миллион доллар маҳсулот истеҳсол мекунад, 2 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам меорад ва ба буҷет воридоти устувори андозро таъмин месозад. Ҳамкорӣ бо брендҳои байналмилалӣ бозори устувори фурӯш, даромади зиёди асъорӣ ва ҷойҳои нави кориро кафолат медиҳад.

    Дар ин ҷо иштирокчиёни хориҷии форуми байналмилалии «Аз камбизоатӣ то шукуфоӣ», ки дар Намангон баргузор мегардад, низ ҳузур доштанд. Ба онҳо намоишгоҳи либоси тайёри брендҳои миллӣ ва хориҷӣ, инчунин маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, чарм, сохтмон, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ гардид.

    Шароити барои бизнес дар Ӯзбекистон фароҳамовардашуда, навъ ва сифати маҳсулоти миллии мо дар меҳмонон таассуроти бузург боқӣ гузошт.

    Дар поён ба Сарвари давлат дар бораи нақшаҳои амалӣ намудани 252 лоиҳаи бузург бо иштироки сармоягузории хориҷӣ дар соҳаҳои шаҳрсозӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, электротехника, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати кимиё дар вилояти Намангон маълумот пешниҳод гардид. Президент дастур дод, ки барои сармоягузорон ва соҳибкорон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда, лоиҳаҳо суръат бахшида, ҷойҳои нави корӣ ташкил ва даромади аҳолӣ афзоиш дода шавад.

    Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Намангон анҷом ёфт.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates