Аҳолӣ аз ҳисоби қарзи ипотекӣ бо манзил таъмин карда мешавад

    Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳои иловагии такмил додани механизми ҷудо кардани қарзҳои ипотекӣ ва беҳтар гардондани шароити манзилии аҳолӣ дар соли 2024" қабул гардид.

    Мувофиқи Фармон, дар доираи Барномаи бо манзил таъмин кардани аҳолӣ ба воситаи қарзҳои ипотекӣ дар асоси тамоюлҳои бозаргонӣ (Барнома) инҳо малӣ гардонда мешаванд:

    дар минтақаҳо биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии иборат аз 100 ҳазор квартира сохта мешаванд;

    ба ташкилотҳои бинокорӣ бинобар қарзҳое, ки дар асоси тамоюлҳои бозор дода шудаанд, ҷуброн ва кафолат дода мешавад;

    ба равандҳои сохтмони биноҳои бисёрошёна стандартҳои «сабз»-и манзил ҷорӣ карда мешаванд;

    барои бо пул таъмин намудани кредитҳои ипотекӣ камаш 17 триллион сӯм ҷудо карда мешавад;

    ба шахсоне, ки ба Барномаи барҳам додани камбизоатӣ дохил шудаанд ва ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, барои сохтан, реконструксия ва таъмири манзили индивидуалӣ ба маблағи то 120 миллион сӯм қарзҳои ипотекӣ ҷудо карда мешаванд;

    Вазорати иқтисодиёт ва молия механизмҳои бозтамвили қарзҳои ипотекаро, ки аз ҳисоби маблағҳои худии бонкҳо ҷудо шудаанд, васеъ истифода менамояд, хабар медиҳад Вазорати адлия.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates