Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар давоми моҳҳои январ–сентябри соли 2025 шумораи таваллудҳо 664,6 ҳазор нафар, фавтҳо 132,2 ҳазор нафарро ташкил карда, афзоиши табиӣ ба 532,4 ҳазор нафар баробар шудааст.
Дар ин давр аз давлатҳои хориҷӣ ба кишвар 1 133 нафар кӯч бастаанд, 7 585 нафар ба хориҷ кӯчидаанд, 177 ҳазор ақди никоҳ сабт гардида, 35,4 ҳазор ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи доимии аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино ба ҳолати 1 октябри соли 2025 ҷамъ 38 миллиону 69,1 ҳазор нафарро ташкил карда, ин рақам нисбат ба давраи мутаносибаи соли 2024 дар умум 713,7 ҳазор нафар, ё 1,9 фоиз афзудааст.
Аз шумораи умумии аҳолӣ 19 396,3 ҳазор нафар (нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ 51 фоиз) дар шаҳрҳо ва 18 672,8 ҳазор нафар (49 фоиз) дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Шумораи занон 18 896,6 ҳазор нафар (49,6 фоиз), мардон бошад 19 172,5 ҳазор нафар (50,4 фоиз) мебошад.
Бино ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳар 1 километр квадрат ба ҳисоби миёна 84,8 нафар рост меояд. Ин нишондод нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 1,6 нафар зиёд аст (1 октябри соли 2024 дар ҳар 1 километр квадрат 83,2 нафар).








