Дубай (АМА) дар феҳристи беҳтарин шаҳрҳо барои миллионерҳо мақоми аввалро гирифта, Ню-Йоркро дар ақиб гузошт.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоте, ки аз ҷониби Bloomberg баррасӣ шудааст, брокери байналмилалии амволи ғайриманқул Savills мегашаҳрҳои мувофиқтаринро барои сарватмандон номбар кардааст.
Ҷозибанокии Дубай аз набудани андози мерос ва фоидаи сармоя, инфрасохтори рушдёфта, сатҳи баланди амният ва гуногунии мактабҳои байналмилалӣ вобаста аст. Яке аз омилҳои асосӣ бо имконияти гирифтани "визаи тиллоӣ" марбут мебошад – он бо сармоягузории 2 миллион дирҳам (544 500 доллар) ҳуқуқи барои 10 сол дар кишвар зиндагӣ карданро медиҳад. Ню-Йорк дар ҷои дуюм аст ва Сингапур сегонаи беҳтаринро анҷом медиҳад. Гарчанд Лондон аз рӯи сифати зиндагӣ пешсаф аст, ба сабаби низоми андози кишвар, ки ба талабот ба амволи ғайриманқули боҳашамат таъсири манфӣ расонд, ба ҷои даҳум афтод, хабар медиҳад lenta.ru.