18 Apr 2025
00:04

    Нетаняҳу: Эрон чун Либия метавонад бо роҳи осоишта аз силоҳи ҳастаӣ даст кашад

    Дар акси ҳол, Теҳрон бо "варианти низомӣ" рӯбарӯ хоҳад шуд, гуфт сарвазири давлати Исроил.

    Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар пайи сафараш ба Вашингтон гуфт, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида бар он назаранд, ки Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, Теҳрон дар ин робита ба таври ихтиёрӣ метавонад барномаи ҳастаии худро зери назорати беруна, ба мисли Либия, аз байн бибарад ва ё ба "варианти низомӣ" омода шавад.

    "Мо розӣ ҳастем: Эрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Инро бо роҳи музокирот ҳал кардан мумкин аст, аммо танҳо дар сурате ки мувофиқат дар бораи модели Либия вуҷуд дошта бошад: яъне ворид шуда, иншооти ҳастаиро метарконанд, таҷҳизотро комилан аз байн мебаранд - таҳти назорати Амрико ва бо иштироки ИМА. Дар ин сурат хуб аст. Имконияти дуввум: ҳеҷ гуна созиш нахоҳад буд. Он гоҳ Эрон танҳо вақтро тӯл медиҳад ва дар ҳолат танҳо варианти ҳарбӣ мемонад." Ҳама инро дарк мекунанд, гуфт Нетаняҳу ва изҳороти ӯро дафтари нахуствазир паҳн мекунад.

    Ба гуфтаи ӯ, ин мавзӯъ рӯзи 7 апрел дар мулоқоти ӯ бо Доналд Трамп, Президенти Амрико дар Кохи сафед яке аз мавзӯъҳои гуфтугӯ буд: “Мо инро ба таври муфассал баррасӣ кардем”, - гуфт нахуствазир.

    Либия аз солҳои 1970-уми асри гузашта барои ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ талош кардааст. Дар аввали солҳои 80-ум дар мамлакат бо иштироки ИҶШС маркази тадқиқоти ядроӣ бо иқтидори 10 МВт сохта шуд. Соли 2003 пас аз музокироти тӯлонӣ бо Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида, роҳбари вақти Либия Муаммар Қаззофӣ эълом дошт, ки кишвараш аз барномаи тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст мекашад ва баъд аз он Лондон ва Вашингтон равобит бо Триполиро ба эътидол оварданд, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech