Тӯли солҳои охир ҷиҳати дастгирии корхонаҳои соҳа, тавсеаи истеҳсолот ва зиёд намудани содирот як қатор чораҳо андешида шуданд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсолот дар саноати чарм 962 миллиард сӯмро ташкил намуда, афзоиш аз 25 фоиз гузашт. Мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2030 ҳаҷми истеҳсолот дар саноати чарму пойафзол ба 12 триллион сӯм, содирот ба 500 миллион доллар расонида шуда, дар ин бахш 12 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳанӯз дар соҳа имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ашёи хоми пӯст ва пашм бо ҳаҷми зиёди ҳосил мешавад, аммо бо вуҷуди ин, сатҳи коркарди амиқи онҳо паст боқӣ мемонад. Бахусус, сатҳи коркарди пӯсти гӯсфанд ва буз дар ҳудуди 30 фоиз мебошад. Аз 40 ҳазор тонна ашёи хоми пашме, ки ҳамасола омода мешавад, танҳо 6 ҳазор тонна ё худ 15 фоизаш коркард мегардад.
Дар тақдимот пешниҳодҳо оид ба истифодаи самарабахши иқтидори корхонаҳо, коркарди амиқи ашёи хом, афзунсозии ҳиссаи маҳсулоти тайёр ва васеъ намудани ҷуғрофияи содирот баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд ва ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон ташкил намудани минтақаҳои саноатӣ, ки ба саноати чарму пойафзол ихтисосонида шудаанд, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин минтақаҳо биноҳои истеҳсолӣ, шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ, марказҳои логистикӣ, тарроҳӣ ва такмили ихтисос бунёд мегарданд. Идораи минтақаҳои саноатӣ ба дӯши дирексияи махсусе, ки дар назди Агентии рушди саноати сабук таъсис меёбад, вогузор мегардад.
Дар Оҳангарон барои корхонаҳои коркарди пӯст минтақаи муосири саноатӣ ташкил карда мешавад, ки ба талаботи экологӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар 32 корхонаи коркарди пӯсти ҷумҳурӣ 70 фоизи иншооти обтозакунӣ кӯҳна шудаанд ва низоми ягонаи мутамарказ вуҷуд надорад. Бинобар ин, дар минтақаи нав иншооти мутамаркази тозакунии об бунёд гардида, имкони истифодаи дубораи то 8 ҳазор метри мукааб оби тозашуда дар равандҳои технологӣ фароҳам мегардад.
Ба масъалаи тавсеаи пойгоҳи ашёи хом диққати махсус зоҳир шуд. Роҳандозии воридоти мутамаркази пӯсти чорво аз кишварҳои ҳамсоя, дар ин раванд дар асоси тамоюли «равзанаи ягона» ба соҳибкорон кумак расонидан, ҷуброн кардани хароҷоти нақлиёт ва таъмин намудани корхонаҳои коркардкунанда бо маблағҳои гардишӣ пешниҳод гардид.
Такмили низоми ҷамъоварӣ ва коркарди аввалияи пӯсти чорвои хурд низ ҳамчун вазифаи муҳим муайян карда шуд. Чораҳо оид ба ташкили нуқтаҳои ҷамъоварӣ ва коркарди аввалияи пӯст дар вилоятҳои Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё ва Тошканд, инчунин ҳавасмандгардонии корхонаҳои коркардкунанда баррасӣ шуданд.
Ҷиҳати тавсеаи коркарди ашёи хоми пашм, дар вилояти Сирдарё ташкил намудани маҷмааи нав пешниҳод гардид. Он дорои иқтидори коркарди 30 ҳазор тонна пашм хоҳад буд. Баробари ба кор даромадани ин лоиҳа, занҷири истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз ашёи хом ташаккул ёфта, арзиши иловашуда чанд баробар меафзояд ва ҳаҷми содироту шумораи ҷойҳои корӣ зиёд мегардад.
Нақшаҳо оид ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пойафзол, аз ҷумла пойафзоли махсус, инчунин дар ин самт зиёд кардани лоиҳаҳои муштарак ва кооператсия бо ҳамкорони хориҷӣ баррасӣ шуданд.
Дар муаррифӣ ба масъалаи тавсеаи истеҳсоли чарми сунъӣ низ таваққуф карда шуд. Дар бозори ҷаҳонӣ брендҳои бузург аз нуқтаи назари талаботи экологӣ, нарх ва мусоидии технологӣ истифодаи чарми сунъиро васеъ менамоянд.
Дар мамлакат дар ин самт амалисозии 7 лоиҳаи ояндадор ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи татбиқи онҳо иқтидори истеҳсоли 50 миллион метри погонӣ маҳсулот фароҳам гардида, қисми зиёди талаботи дохилӣ таъмин мешавад ва содирот афзоиш меёбад.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки имтиёзҳои ба соҳа додашуда худ аз худ натиҷа намедиҳанд ва барои ҳар як корхона, лоиҳа ва бозор ҳисобу китоби дақиқ ва амали воқеӣ зарур аст.
Ба масъулон ва роҳбарони минтақаҳо бинобар солимгардонии молиявии корхонаҳо, истифодаи пурраи иқтидорҳо, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот ва кумак ба соҳибкорон дар гирифтани сертификатҳои байналмилалӣ дастурҳо дода шуданд.