Дар мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ миёни ду кишвар баррасӣ гардид.

Зарурати ба роҳ мондани муколамаи мунтазами сиёсӣ, тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, табодули фарҳангию башардӯстона ва густариши ҳамкориҳои сайёҳӣ таъкид шуд.

Ба андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати афзоиши гардиши мол, аз ҷумла тавассути баргузории намоишгоҳҳои мутақобилаи имкониятҳои саноатӣ ва ташкили ҳайатҳои соҳибкорӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин замина, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҳияи созишномаҳои асосӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ суръат бахшида шавад.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла идомаи ҳамкориҳои зич дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН), Ҳаракати бетарафӣ ва дигар созмонҳо табодули афкор сурат гирифт.