Тибқи қарор, то
1 январи соли 2027 хидматрасониҳо дар соҳаи таъминоти нафақавӣ
пурра ба шакли интерактивӣ ва проактивӣ
гузаронида мешаванд.
Хидматрасониҳои зерин дар соҳаи таъминоти нафақавӣ ба
таври проактивӣ, яъне бидуни зарурати муроҷиати алоҳидаи шаҳрвандон, пешниҳод карда
мешаванд:
аз 1 ноябри соли 2026 — таъини нафақаи синну солӣ ду сол пештар аз синни умумии муқарраргардидаи
нафақа ба шахсоне, ки бинобар кам шудани ҳаҷми кор ё барҳам хӯрдани корхона
бекор эътироф шудаанд;
аз
1 январи соли 2027 — таъини нафақа бинобар аз даст додани саробон.
Аз
1 январи соли 2027 дар
доираи хидматрасонии
онлайнии «Нафақаи ман»
имкони огоҳ намудани шаҳрвандон як сол пеш аз расидан ба синни нафақа фароҳам
оварда мешавад.