Шаҳрвандони Ӯзбекистон аз декабри соли 2026 метавонанд пешакӣ андозаи нафақаи ояндаи худро донанд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 26 июни соли 2025 ба Фармони № ФП-105 «Дар бораи чораҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани хидматрасониҳои муосир аз ҷониби Кумитаи хидматрасонии хазинадорӣ ва Фонди ғайрибуҷавии нафақавии назди Вазорати иқтисод ва молия» имзо намуд.

    Аз 1 январи соли 2027 бахшҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Кумитаи хидмати хазинадорӣ ва Фонди ғайрибуҷавии нафақавии назди Вазорати иқтисод ва молия барҳам дода мешаванд. Ин ба шарофати рақамисозии фаъолияти онҳо анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, дар раёсатҳои минтақавии Кумитаи хазинадорӣ ва Фонди нафақа офисҳои хурди хизматрасонӣ бо 1–3 воҳиди корӣ ташкил карда мешаванд.

    Аз 1 декабри соли 2026 бо автоматиконии равандҳои зерин дар низоми нафақа:

    • хизматрасонии онлайни «Нафақаи ман» ҷорӣ мегардад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, андозаи нафақаи худро пешакӣ, дар асоси маълумоти электронии мавҷуда оид ба собиқаи меҳнат ва музди меҳнат, муайян кунанд;
    • тамоми хизматрасониҳои таъминоти нафақавӣ пурра ба шаклҳои проактивӣ, электронӣ ва интерактивӣ гузаронида мешаванд.

    То 1 октябри соли 2025 низоми пешакии огоҳкунии шаҳрвандон пеш аз рӯёнидани маблағ аз пардохтҳои нафақавӣ ҷорӣ карда мешавад.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумоти қонунгузорӣ нашр гардида, 28 июни соли 2025 эътибор пайдо кард, хабар медиҳад «Norma».


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates