Зимни санҷиши пешакии тафтишотӣ, ки аз ҷониби шуъбаи Департаменти назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Қаршӣ гузаронида шудааст, муайян гардид, ки нозирони давлатии андози Бозрасии андози шаҳри Қаршӣ М.А., Ш.Т. ва дигарон аз 97 андозсупоранда 122,6 миллион сӯм маблағ гирифтаанд. Гӯё ин маблағҳо барои пардохти қарзи андозии онҳо пешбинӣ шуда буданд.

Аммо маблағҳои гирифташуда ба суратҳисобҳои шахсии андозсупорандагон ворид карда нашуда, тибқи маводи санҷиш, аз ҷониби гумонбарон азхуд ё харҷ шудаанд.

Дар робита ба ин ҳолат тибқи моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (азхудкунӣ ё исроф) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Айни ҳол амалҳои тафтишотӣ идома доранд.