Роҳбари кишвари мо ва ҳамсарашро Президенти Ҷумҳурии
Корея Ли Ҷэ Мён ва ҳамсараш истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф орост. Суруди миллии ду
кишвар садо дод. Президентҳо аз назди сафҳои қаровули
фахрӣ гузаштанд ва бо аъзои ҳайатҳои расмӣ салом карданд.
Сипас
роҳбари кишвари мо дар Китоби меҳмонони фахрии қасри «Чонг Ва Дэ» қайд
гузошт.
Пас
аз аксбардории муштарак музокироти сатҳи олӣ оғоз гардид.