Дар оғози вохӯрӣ меҳмонони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои накӯи Президенти ИМА Доналд Трампро расониданд.

Дар рафти музокирот масъалаҳои марбут ба иштироки ин ниҳодҳо дар маблағгузории лоиҳаҳои стратегии дорои технологияҳои пешрафта дар Ӯзбекистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, азхудкунии маъданҳои муҳим, энергетика, татбиқи зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ, ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.

Дар самти ҳамкорӣ бо Эксимбонки ИМА оид ба суръат бахшидани татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак бобати навсозии соҳаи энергетика тавофуқ ҳосил гардид. Ҳамчунин, ба рушди минбаъдаи тақдими кредитҳои содиротӣ барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар бахшҳои афзалиятнок диққати махсус зоҳир карда шуд.

Ташаббусҳои Корпоратсияи “DFC” оид ба дастгирии лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ, ба кор даровардани платформаи муштараки сармоягузорӣ, ки ба таҷдид шабакаҳои энергетикӣ ва инфрасохтор нигаронида шудаанд, пуштибонӣ гардиданд.

Зарурати ба марҳалаи амалии татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди фурудгоҳи нави байналмилалӣ дар Тошканд, таъсиси маҷмааи муосири тиббӣ дар вилояти Фарғона, ба кор даровардани бонки рақамӣ, сохтмони марказҳои иттилоотӣ (дата-марказ) ва бандарҳои хушки боркашонӣ гузаштан таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот аз рӯйи қабули «харитаи роҳ»-и муштарак ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва технологӣ, ки баррасӣ шуданд, ба мувофиқа расиданд.