Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ ба Сарвари давлати мо салому паёми гарму самимӣ ва таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ аз рушди бесобиқаи ҳамкорӣ дар тамоми самтҳо ёдоварӣ гардид. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва ҳамлу нақли бор рӯ ба афзоиш дорад. Лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, энергетика, кишоварзӣ, электротехника ва дигар бахшҳо бомуваффақият амалӣ мешаванд. Ширкати муштараки сармоягузорӣ низ фаъолияти самарабахш дорад.

Зарурати ҳавасмандгардонии робитаҳои мустақими пойтахтҳо ва минтақаҳои ду кишвар, густариши табодули фарҳангиву гуманитарӣ, илмиву таълимӣ ва сайёҳӣ таъкид гардид.

Ба баланд бардоштани нақши ниҳодҳои қонунгузор дар татбиқи тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва ташаббусҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин замина, фаъол намудани кори комиссияҳои байнипарлумонӣ, гурӯҳҳои дӯстӣ ва кумитаҳои соҳавӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон Рустами Эмомалиро барои саҳми бузургаш дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар, инчунин фаъолияти пурсамар дар густариши муколамаи байнипарлумонӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ – ордени «Фидокорона хизматлари учун» сарфароз гардонд.