Сарони давлатҳо ба майдони истеҳсолии ширкати «Нигора» ташриф оварданд, ки дар шаҳри Бухоро давраи пурраи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири тайёрро ба роҳ мондааст.
Лоиҳа бо арзиши 35 миллион доллар моҳи августи соли 2024 бомуваффақият ба истифода дода шудааст. Дар ин ҷо 840 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, ки қисми зиёдашонро занон ташкил медиҳанд.
Хатҳои технологии муосир аз Ҷопон, Италия, Белгия ва Олмон имкон медиҳанд, ки ширкат дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир бошад ва ҳар сол 20 миллион метр матоъ ва 1 миллион адад маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол намояд.
Ба президентҳо намунаҳои либос ва матоъҳои тайёр пешниҳод гардиданд. Маҳсулоте, ки таҳти тамғаи «Shoyigul» истеҳсол мешавад, асосан ба Италия, Австрия, Британияи Кабир ва Олмон содирот мегардад.
Сарони давлатҳо ба стратегияи содиротии ширкат, ки ҳаҷми солонаи он ба 10 миллион доллар мерасад, инчунин нақшаҳои густариш ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулот аз нахҳои синтетикӣ ва матоъҳои омехта баҳои баланд доданд.