Ин
форум бобати муаррифии васеи иқтидори сармоягузории мамлакат, ташаккул ва
пешбурди лоиҳаҳои мутақобилан судманд бо шарикони хориҷӣ ба майдони муҳими
байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар
нахустин форум, ки соли 2022 баргузор шуда буд, беш аз ҳазор меҳмони хориҷӣ аз
56 мамлакат иштирок карда буданд. Дар панҷумин Форуми байналмилалии
сармоягузории Тошканд, ки 16–18 июни соли ҷорӣ баргузор мегардад, иштироки беш
аз 8 ҳазор нафар иштирокдор аз 99 давлат, аз ҷумла қариб 3,1 ҳазор меҳмони хориҷӣ
дар назар аст.
Дар
байни даъватшудагон роҳбарон ва намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ,
институтҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бузург, фондҳои
сармоягузорӣ ва вакилони доираҳои соҳибкорӣ ҳузур доранд.
Дар
муаррифӣ дар бораи барномаи форум ва чорабиниҳое, ки дар доираи он баргузор
мешаванд, маълумот дода шуд. Бахусус, ҷамъомади умумӣ, мулоқотҳои дуҷониба,
муаррифии шабака ва минтақаҳо, маросими имзои созишномаҳои сармоягузорӣ ва мулоқотҳои
соҳибкорон гузаронида мешавад.
Дар
намоишгоҳи муаррифии иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон намоиши имкониятҳои соҳаҳои
кишоварзӣ, саноати сабук, геология, саноати электротехникӣ, мошинсозӣ, саноати
кимиё, энергетика, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба нақша гирифта
шудааст.
Дар
доираи форум ҷамъомади навбатии умумии Шӯрои сармоягузорони хориҷии назди
Президент низ баргузор хоҳад шуд. Дар он масъалаҳои минбаъд беҳтар намудани муҳити
сармоягузории мамлакат, суръат бахшидан ба рушди саноативу технологӣ ва
инноватсионӣ, фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои бахши хусусӣ ва
сармоягузорони байналмилалӣ муҳокима мешаванд.
Дар
форуми имсола низ имзои маҷмӯи бузурги созишномаҳои сармоягузорӣ ба нақша
гирифта шудааст. Алҳол корҳои ташаккули лоиҳаҳои нав босуръат идома доранд.
Созишномаҳое,
ки таҳия мегарданд, самтҳои муҳим, чун саноати кимиё, геология ва металлургия,
саноати сабук, электротехника ва мошинсозӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, масолеҳи
сохтмон, энергетика ва экология, технологияҳои рақамӣ, сохтмон ва инфрасохтор,
бонку молия, нақлиёту логистика, сайёҳӣ ва таълимро фаро мегиранд.
Татбиқсозии
ин лоиҳаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши
баланди иловашуда, афзунсозии иқтидори содиротӣ, навсозии инфрасохтор ва беҳтар
намудани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.
Роҳбари
давлат таъкид кард, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форум ва
тавассути лоиҳаҳои мушаххас муаррифӣ кардани иқтидори сармоягузории ҳар як
шабака ва минтақа муҳим аст.
Ба
масъулон супориш шуд, ки қабули меҳмонони хориҷӣ, ташкили босифати барномаи
чорабиниҳо, муайян намудани механизмҳои дақиқи иҷрои созишномаҳои имзошаванда
ва мониторинги мунтазами онҳо баъд аз форумро таъмин намоянд.