Саида Мирзиёева таъкид намуд, ки ин мулоқот барои ӯ мояи ифтихору шарафи бузург аст.

Дар оғози мулоқот ба Президенти АМА паёми самимонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонида шуд. Зимни гуфтушунид масъалаҳои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, инчунин рушди зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд.

Саида Мирзиёева ба Президенти АМА барои таваҷҷуҳ ва эҳтиромаш изҳори сипос намуд.