Дар асоси Конститутсияи кишвар стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, доираи қадршиносии инсон васеъ гардида, хидматрасонӣ дар ин соҳа ба ниёзмандон наздиктар мегардад. Чун идомаи корҳо дар ин самт 27 феврали соли равон қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба боз ҳам такмил додани низоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва кӯмак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд» қабул карда шуд. Дар доираи иҷрои он дар Андиҷон нахустин маркази минтақавии хадамоти иҷтимоии “Дунёи имкониятҳо” ба кор сар кард.
Дар муассиса, ки қариб 5 гектар майдон дорад, маъмурият, толори фаъолон, биноҳои таълими фарогир ва бозомӯзии касбу ҳунар, майдончаи бачагон, маҷмӯаи варзишӣ ва ҳавзаи шиноварӣ мавҷуд.
Дар ин ҷо ба кӯдакони маълул, ашхоси ба парвариши дигарон низёманд хидматҳои иҷтимоӣ раоснида мешавад. Аз ҷумла, хадамоти тавонбахшии иҷтимоӣ ва тиббӣ, роҳнамоии касбӣ, бозомӯзии забонҳои хориҷӣ ва хадамоти таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шудааст.
Дар марказ зиёда аз 60 нафар кор мекунанд. Муайян ва фиристодани эҳтиёҷмандони ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби марказҳои «Инсон» амалӣ мешавад.
Президент бо хадамоти мудохилаи бармаҳал, ки бори аввал дар мамлакатамон таъсис ёфт, шинос шуд. Ин шӯъба ба нигоҳубини кӯдакон аз тифлӣ то сесолагиро ихтисос дорад. То ҳол кӯдакони ин синну сол танҳо таҳти сарпарастии падару модар буданд. Ба кӯдакистонҳои махсус бошад, танҳо баъд аз 3-солагӣ қабул карда мешуданд. Акнун дар давраи ҳомиладорӣ хатари маъюбӣ аниқ гардад, ба модарон дар ин бино хидмат расонида мешавад. Ин барои таҳкими диққати онҳо ба фарзандонашон кӯмак мекунад. Инчунин, ба онҳо маслиҳатҳои психологӣ низ медиҳанд.
Президент бо шароите, ки дар бинои хадамоти таҳсилоти иловагии марказ фароҳам гардидааст, шинос шуд. Дар он ҷо барои берун аз мактаб таҳсил гирифтан, дониш андӯхтан ва аз интернет истифода бурдани кӯдакони маъюб имконият фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, фарзандони оилаҳое, ки дар феҳристи хонаводаҳои камбизоатанд, метавонанд дар ин ҷо англисӣ, русӣ, кореягӣ ва дигар забонҳоро омӯзанд.
Бояд гуфт, ки дар муддати сипаришудаи соли равон дар вилояти Андиҷон қариб 10 ҳазор фарзандони оилаҳои камбизоат ба боғчаҳо ҷойгир гардида, наздик ба 29 ҳазор нафари онҳо ёрии тиббӣ расонида шуд ва 20 ҳазор нафар бо хадамоти иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Ин барои ба по хеста, бо кор саргарм шудани онҳо кӯмак кард.
Дар марказ хидмати парвариши рӯзона низ мавҷуд аст. Дар ин ҷо инсонҳои маълул бо машғулоти ҷисмонӣ ва ақлӣ машғул мешаванд. Дар натиҷаи нигоҳубини кормандони иҷтимоӣ ба онҳо, аъзоёни оила барои кор кардан имкон пайдо мекунанд.
Шаҳрвандоне, ки дар ин шӯъба таҳти нигоҳубин қарор доранд, гуфтанд, ки ба шарофати чунин ғамхорӣ дилгармияшон ба ҳаёт афзуд ва барои ин ба сарвари давлатамон изҳори сипос намуданд.
– Дар замири ин эътибор саломатии шумо ва дарду нигаронии наздиконатон қарор дорад. Дили шод ва дар шумо умед бар зиндагиро дида, хурсанд шудам. Мо ин гуна ғамхориҳоро минбаъд вусъат медиҳем. Аз Шумо танҳо сабру тоқат, боварӣ ва ҳаракат лозим, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар маркази хадамоти иҷтимоӣ маҷмӯаи варзишӣ низ амал мекунад. Дар он барои кӯдакони маълул хонаи тарбияи бадан, ҳавзаи обӣ ташкил гардидааст. Қобили зикр аст, ки дастгоҳҳои таълимӣ аз ИМА ва дигар кишварҳои хориҷӣ оварда шуда, барои варзишҳои мутобиқсозӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ҳавзи обӣ низ вобаста ба синну соли кӯдакон имкониятҳои алоҳида мавҷуд.
Сарвари давлатамон зарурати солимгардонии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ба ҳунару фаъолияти мувофиқ ҷалб кардани калонсолонро таъкид намуд.