Хидматҳои нави суғурта ба талаботи аҳолӣ мувофиқат мекунад

    Ба мақсади таъмини татбиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 23 октябри соли 2021 ҚП-5265 "Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рақамигардонии бозори суғурта ва рушди соҳаи ҳаёти суғурта" ва густариши таснифгари фаъолияти суғурта, барои оммавӣ гардондани хидмати суғуртаи соҳаи ҳаёти суғурта ва коркарди маҳсулоти нави суғуртакунии барои аҳолӣ ва соҳаи иқтисодиёт серталаб, Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 9 июни соли 2022 № 323 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин эътирофи беэътибор дониста шудани баъзеи онҳо" қабул гардид.

    Мутобиқи қарор бо илова намудани синфҳои иловагии суғурта, таснифоти фаъолияти суғурта васеъ карда шуд, ки бо замимаи № 6 Низомномаи ягона «Дар бораи тартиби иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тавассути системаи махсуси электронӣ» тасдиқ карда шудааст, ки дар Қарори Девони Вазирон аз 21 феврали соли 2022 № 80 “Дар бораи тасдиқи муқаррароти ягона дар бораи тартиби иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият тавассути системаи махсуси электронӣ” мустаҳкам карда шудааст.

    Аз ҷумла, дар соҳаи суғуртаи ҳаёт синфи V «Суғуртаи ҳаёт барои таъмини ӯҳдадориҳо», синфи VI «Суғуртаи ихтиёрии нафақавии дарозмуддат» ва синфи VII «Суғуртаи ҳаёт бо баргардонидани сармоя» илова карда шуда, синфи 18 «Суғуртаи тиббӣ» ба соҳаи суғуртаи умумӣ илова карда шуд».

    Бинобар хабари хидмати иттилоотии Агентии рушди бозори суғуртаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, густариши таснифгари фаъолияти суғурта ба фароҳам овардани намудҳои нави суғурта ва баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ" мусоидат мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates