• автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, троллейбусҳо, трамвайҳое, ки дар асоси тиҷоратӣ мусофир мекашонанд ва мошинҳои боркаши дорои 8 ва зиёда ҷойи нишаст (ба истиснои курсии ронанда), ки барои кашонидани мунтазами одамон муҷаҳҳаз шудаанд, мошинҳои махсус ва прицепҳо барои кашонидани борҳои калонҳаҷм, вазнин ва молҳои хатарнок - дар як сол ду маротиба;
  • воситаҳои нақлиёте, ки мӯҳлати истифодаашон на бештар аз 6 сол аст - дар ду сол як маротиба;
  • воситаҳои нақлиёте, ки мӯҳлати истифодаашон аз 6 сол зиёд аст, инчунин мӯҳлати истеҳсолашон номуайян - соле як маротиба;
  • прицепҳо дар муҳлати барои воситаи нақлиёт — ронанда муқарраршуда бояд аз назорати техникӣ гузаранд;
  • ҳангоми ба қайд гирифтан (аз нав ба қайд гирифтан) дар мақомоти ХДБҲР, сарфи назар аз муҳлатҳои азназаргузаронии навбатии техникӣ.

Тибқи иттилои шабакаи ҳуқуқии Вазорати адлия, воситаҳои нақлиёти нав ҳангоми бақайдгирӣ дар мақомоти ХДБҲР  аз муоинаи техникӣ намегузаранд.