- автомобилҳои сабукрави мусофиркашонӣ, автобусҳо, троллейбусҳо, трамвайҳо ва мошинҳои боркаши дорои ҳашт ва зиёда ҷои нишаст, ки барои кашондани одамон пешбинӣ шудаанд, нақлиёти махсус ва присепҳо барои онҳо – дар 2 сол 1 маротиба;

- воситаҳои нақлиёт, ки аз рӯзи истеҳсолашон аз 6 сол беш   нагузаштааст – дар 2 сол 1 маротиба;

- воситаҳои нақлиёте, ки аз лаҳзаи истеҳсоли онҳо зиёда аз 6 сол гузаштааст ё муҳлати ба кор даромаданашон маълум нест – соле 1 маротиба;

- присепҳо – дар муҳлатҳои барои воситаи нақлиёт-ронанда муқарраршуда;

- ҳангоми дар ХДБҲР ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт,  сарфи назар аз муҳлатҳои пештар муқарраршудаи назорати навбатии техникӣ.

Мошинҳои нав ҳангоми бақайдгирӣ дар Хидмати давлатии бехатарии ҳаракати роҳ аз муоинаи техникӣ намегузаранд, хотиррасон мекунад Вазорати адлия.