Сафири нави Ӯзбекистон ба Президенти ИМА эътимоднома супорид

    Фурқат Сидиқов, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Вашингтон таъин шудаааст, дар Кохи сафед ба Президенти ИМА Ҷо Байден эътимоднома супорид.

    Фурқат Сидиқов дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: "Вохӯрдан бо Президент Ҷо Байден барои ман шараф ва имтиёзи бузург буд. Ман саъй дорам, ки дӯстӣ ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон ва таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо густариш ёбанд".

    Фурқат Сидиқов, ки қаблан дар мақоми муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, 52 сол дорад. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии техникии Тошкандро хатм намуда, дар Корхонаи муштараки «УзДЭУЭлектроникс», Институти тадқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ӯзбекистон кор кардааст. Аз соли 2002 дар системаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла Сафорати Ӯзбекистон дар ИМА, сафир дар Покистон, муовин, муовини аввали вазир кор кардааст. Забони англисӣ ва русиро медонад. Ӯ бо занаш чор фарзандро тарбия мекунад.

    Вай Ҷавлон Ваҳобовро, ки солҳои 2017-2023 сафири Ӯзбекистон дар ИМА ва ҳамзамон дар Канада ва Бразилия буд, иваз кард.

    Қаблан Фурқат Сидиқов нусхаи эътиборномаи худро ба раиси протоколи Департаменти давлатии ИМА Руфус Гиффорд супурд.

    АИ "Дунё".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates